Истифодаи тасмаи бехатарӣ оқибатҳои садамаро бехавф мегардонад
ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии нақлиёт дар шаҳри Душанбе 26 апрел зимни нишастӣ матбуотӣ бо иштироки кормандони мақомоти давлатӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, хазинаи махсуси саҳмдорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар ҳамкорӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) лоиҳаи «Маъракаи иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани воқифияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз истифодаи тасмаи бехатарӣ ва бартарияти идоракунии экологии нақлиёт дар шаҳри Душанбе»-ро дастгирӣ намуд. Лоиҳа бо ҷалби ҷавонон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ва Иттиҳоди Шарқӣ оид ба нақлиёти бехавф ва устувор амалӣ карда мешавад.
Муовини сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ Мирзо Сафарзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар асоси таҳлилҳои ҳамарӯза як зумра чораҳоро амалӣ карда истодааст. Новобаста аз тадбирҳои андешидашаванда, имрӯз вазъи садаманокӣ дар роҳҳои кишвар боиси нигаронии Ҳукумати ҶТ ва ВКД гардидааст. «Дар семоҳаи аввали соли 2017 дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 298 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 98 нафар ба ҳалокат расида, 314 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Яке аз масъалаи муҳим- истифодаи тасмаи бехатарӣ ва ҳадаф аз истифода- паст кардани оқибатҳои садама мебошад»,-илова намуд Мирзо Сафарзода.
Айтен Рустамова, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон вобаста ба нақши БАТР дар татбиқи лоиҳаи мазкур ибрози андеша намуд. «Тоҷикистон бо бисёр ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкории зич дорад. Насли наврас набояд аз сабаби набастани тасмаи бехатарӣ ҷони худро аз даст диҳад. Бонки мо доимо чунин лоиҳаҳоро дастгирӣ мекард ва хоҳад кард»,-гуфт А. Рустамова.
Дар ҷараёни нишаст инчунин маросими супоридани курсиҳои махсуси бехатарӣ барои кӯдакон дар нақлиёт доир гардид. Ин кумаки хайрия ба ташкилотҳои бо кӯдакони ниёзманд коркунанда супорида шуд.
Мирзо Сафарзода инчунин вобаста ба гузаргоҳҳои зеризаминӣ ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки дар баробари таҷдиду навсозии роҳҳо, имрӯз 14 адад гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин иқдом ба интизом ва бехатарии пиёдагардон таъсири мусбат мерасонад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо маблағгузории БАТР дар хиёбони И.Сомонӣ, дар назди Боғи ҳайвоноти пойтахт сохтани гузаргоҳи замонавӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.
Дар нишаст иштирокчиён вобаста ба истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофирбарӣ, мусофирон, ифлос ва корношоям будани баъзе тасмаҳо ибрози андеша намуданд. Пешниҳод гардид, ки барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷаримаи бештар ситонида шавад, то ронандагон ҳангоми рондани мошин масъулияти бештар ҳис кунанд. Истифодаи тасмаи бехатарӣ метавонад хавфи фавтро то 50% ба ронанда ва мусофири курсии пеш ва то 70 % барои мусофирони курсиҳои қафо кам намояд.
Лоиҳаи мазкур аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи марти соли 2018 амалӣ мегардад.









«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






