Кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд вусъат меёбад
ХУҶАНД. 12.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо суръат идома доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз идораи кишоварзии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, соли равон кишоварзони яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят-ноҳияи Конибодом азм доранд сари вақт бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишти баҳорӣ, хосатан кишти пунбадонаро сари вақт гузаронида, ҳосили фаровон ба даст оранд.
Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ мавсими кишту кор оғоз ёфта, деҳқонон ба кишти зироати баҳорӣ, аз ҷумла пунбадона шурӯъ намудаанд. Соли равон деҳқонони шаҳри Конибодом нақша доранд дар майдони 7897 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд, ки аз он 5300 гектарашро пахта ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






