Кормандони гумрук аз дохили калӯш ҳашиш ёфтанд

Апрель 7, 2017 17:09

ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 9 марти соли равон аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ шаҳрванд М. М., соли таваллудаш 1969, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод, бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ба соҳибияти каси дигар додани онҳо дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии муваққатиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Ғуломов аз дохили плитаи барқӣ як ҷуфт калӯши резинӣ, ки дар дохилаш ду адад бастаи селофании рангаш сиёҳи дар дохилаш хамираи сахти рангаш сиёҳу сабзчатоби дорои бӯи махсус мавҷуд буд, дарёфт карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи экспертӣ — судии Раёсати ташхисӣ — криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи аз манзили муваққатии истиқоматии шаҳрванд М. М. ёфташуда, маводи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумиаш 906 граммро ташкил медиҳад. Онҳоро номбурда бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан нигоҳ доштааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М. М. барои содир намудани кирдорҳои барқасдонаи худ бо аломатҳои моддаи 200 қисми 3 банди «г» — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Апрель 7, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе