Кормандони ВАО дар бахши медиа-бизнес соҳиби гувоҳнома гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2017/АМИТ «Ховар»/. 15 нафар кормандони нашрияҳо ва шабакаҳои телевизионӣ баъди гузаштани давраи омӯзишӣ таҳти унвони «Банақшагирии тиҷоратӣ дар медиа- бизнес», ки тӯли панҷ рӯз дар Душанбе идома дошт, имрӯз, 14 апрел соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Давраи омӯзишӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» гузаронида шуда, дар он кормандони бахши реклама ва тиҷорат, иқтисодчиён ва мудирони тиҷоратии нашрияҳо ва шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва мустақили кишвар иштирок намуданд. «Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО дар бахши медиа-бизнес аз ҳадафҳои асосии давраи омӯзишӣ мебошад»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сабоҳат Мамадасанова, сардори шуъбаи нашрияи Академияи ВАО-и Тоҷикистон.
Дар ҷараёни курси омӯзишӣ ба кормандони ВАО паҳлуҳои гуногуни пешбурди соҳаи менеҷмент, усулҳои пайдо кардани мавқеъ дар бозори реклама ва рақобатпазирӣ дар медиа-бизнес омӯзонида шуданд, зеро то ҷое мусаллам аст, пешбурди фаъолияти нашрияҳо, радио ва телевизион ба даромади молиявии онҳо иртиботи қавӣ дорад. Дар ин росто, тарзи дуруст ба роҳ мондани кори кормандони бахши тиҷоратӣ дар ВАО хеле муҳим аст.
Зимни баргузории давраи омӯзишӣ коршиноси ботаҷриба Елена Сатторова, ки ҳамзамон мудири маркази захиравии «Sattari Group TJ» мебошад, ба кормандони ВАО самтҳои афзалиятноки пешрафтаи менеҷменти муосирро омӯзонид.










Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






