Коршиносони олмонӣ бо мутахассисони наркологи Тоҷикистон табобати бемориҳои вобаста ба истеъмоли маводи психоактивиро мавриди омӯзиш қарор доданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ду коршинос аз Олмон дар Тоҷикистон барои понздаҳ коршиноси миллӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат, аз ҷумла наркологон, равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ омӯзиши миллиро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Ин омӯзиши дуюм дар Тоҷикистон буда, он ба ҷанбаҳои гуногуни табобати бемориҳои вобаста ба истеъмоли маводи психоактивӣ бахшида шуда буд. Иштирокчиён қоидаҳои умумии ахлоқи тиббӣ ва кодекси ахлоқии равоншинос/нарколог, вобастагии спиртӣ ҳамчун патологияи иловагӣ ба беморони нашъаманд, инчунин оид ба моддаҳои нави психоактивиро баррасӣ карданд.
Иштирокчиёни омӯзиш ҳолатҳои душворро аз таҷрибаҳои худ таҳлил карда, истифодаи принсипҳои ахлоқиро дар кори худ муҳокима намуданд.
Пас аз хатми ин силсилаомӯзишҳо ба коршиносони маҳаллӣ сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт тақдим карда мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






