Корвони саломатӣ дар хизмати сохтмончиёни НБО Роғун
ДУШАНБЕ, 22.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муоинаи тиббии сохтмончиёни НБО Роғун ва расонидани кумаки тиббиву санитарӣ вориди майдони сохтмонии нерӯгоҳ гардид.
Тавре аз вазорат хабар доданд, дар ҳайати Корвони саломатӣ 40 нафар мутахассисони баландпояи соҳа, табибони самтҳои гуногун ба сохтмончиён хизмат расониданд. Дар баробари мутахассисони соҳибтаҷриба ҳамчунин дастгоҳҳои ташхисӣ, аз қабили флюрографияи сайёр, озмоишгоҳи сайёри ташхиси умумии хун ва ВНМО, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии кори дил, тестҳо барои ташхиси диабети қанд дар хизмати сохтмончиён қарор дода шуданд.
Хизматрасонии Корвони саломатӣ ба сохтмончиёни ин нерӯгоҳи бузурги аср бори аввал набуда, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






