Кумитаи андози ҷумҳурӣ барои набудани ПОС-терминалҳои электронӣ ба муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ огоҳинома дод

Апрель 24, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурд ва назорати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз ҳисоби намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Гурӯҳи корӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сохторҳоеро, ки бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, аз 31 март то инҷониб мавриди санҷиш қарор додааст. Аз оғози фаъолияти гурӯҳи корӣ дар 359 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин миқдор муассисаҳо дар 58 муассиса ПОС-теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС- терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Ба 301 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС-терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд.
Терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб гашта, барои насби онҳо соҳибкорон бояд ба ташкилотҳои қарзие, ки барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохти бонкиро анҷом медиҳанд, муроҷиат намоянд.
Афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти ҷараёнҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ, миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда то 1 апрели соли 2017 зиёда аз 1 миллиону 666 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз 1 639,1 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин, то 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 746 адад ва 2 398 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1573 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 825 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.

Апрель 24, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад