Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: 21-22 апрел фаромадани сангрезаву кӯҳпораҳо ва тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар 21-22 апрели соли ҷорӣ аз сабаби боришоти зиёд дар ҷумҳурӣ таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ бошад хавфи омадани сел, лағзиши замин, махсусан дар ҳудуди ВМКБ фаромадани сангрезаву куҳпораҳо ва фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Вобаста ба ин Кумита аз аҳолии кишвар хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ, хусусан шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ эҳтиёткор бошанд.
Шаҳрвандон бояд дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хавфнок, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ кунанд.









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






