Мавсими нави мусобиқоти лигаи касбии футзал оғоз меёбад

Апрель 7, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи якшанбе, 9 апрел мавсими нави Мусобиқоти лигаи касбии футзал оғоз меёбад ва дар он 8 даста ширкат варзида, дар 4 марҳала барои унвони чемпионӣ бо ҳам мубориза мебаранд.
Ин мавсими чоруми бозиҳои лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ дар лигаи футзали Тоҷикистон дастаҳои «ДИСИ Инвест», «Соро компания», «Сино», «Хадамоти алоқа» (ҳама аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуросон» (Истаравшан), «Сипар» (Хуҷанд) ва «Самандар» (Турсунзода)  иштирок мекунанд.
Дастаҳои «Хадамоти алоқа», «Равшан» ва «Хуросон» бори аввал ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.
Дар бозиҳои даври якум, 9 апрел, дастаҳои «ДИСИ Инвест» бо «Самандар», «Соро компания» бо «Сипар», «Хадамоти алоқа» бо «Сино» ва «Равшан» бо «Хуросон» қувва месанҷанд.
Ёдрас мешавем, ки ғолиби имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё байни клубҳо дар мавсими соли 2018 иштирок мекунад.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2017
Даври 1
9 апрел (якшанбе)
«ДИСИ Инвест» — «Самандар»
«Соро компания» — «Сипар»
«Хадамоти алоқа» — «Сино»
«Равшан»-  «Хуросон»
 Даври 2
15 апрел (шанбе)
«Самандар» — «Хуросон»
«Сино» — «Равшан»
«Сипар» — «Хадамоти алоқа»
«ДИСИ Инвест» — «Соро компания»

Апрель 7, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид