Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Корея

Апрель 27, 2017 14:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/.Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Корея Ли Ки-Квон, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея, ки имрўз аз барқароршавии муносибатҳо 25 сол сипарӣ шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз вазъи ҳамкориҳо дар давоми 25 сол, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷратию иқтисодӣ ва гуфтушунидҳои сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Таъкид карданд, ки талаботи имрўз фаъол намудани ҳамкорӣ дар бахши фарҳангию гуманитариро тақозо менамояд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки имкониятҳо барои рушд бахшидани ҳамкориҳои мутақобила зиёданд ва мақомоти марбутаи ду давлатро зарур аст, ки корҳои нақшавиро бо мақсади боз ҳам тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ амалӣ намоянд.
Дар ҳамин замина ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ муҳим шуморида шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба таври муташаккилона сафарбар намудани нерўи корӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Корея изҳор дошта, муҳимияти ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, таъкид намуд.

Апрель 27, 2017 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад