Нахустин ҳавопаймои «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад
ДУШАНБЕ, 11.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд омад. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, сафари мазкур нахустин ва таърихӣ буда, тавассути он аз Тошканд 29 нафар мусофирон ба Душанбе парвоз карданд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» /Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари», «Uzbekistan Airways») баъд аз 25 соли таваққуф имрӯз, 11 апрел бори нахуст ба Тоҷикистон парвоз анҷом дод.
Барқарор намудани роҳи ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамсоя барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва рафтуои мусофирон шароити мусоид фароҳам меорад ва он дар тавсеаи равобити Душанбе ва Тошканд қадами устувор ҳоҳад буд.
Мавриди зикр аст, ки «Узбекистон Ҳаво Йуллари» /«Uzbekistan Airways»/ ширкати миллии ҳавонавардии Ӯзбекистон буда, соли 1992 бо мақсади рушди бахши ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. «Узбекистон Ҳаво Йулларӣ» алҳол дар 25 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, ба 40 шаҳри бузурги қораи Осиё ва Аврупо парвоз анҷом медиҳад ва дорои 15 ҳазор корманд ва мутахассис мебошад.














Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






