Намоиши китоб: Ваҳдати миллӣ кафили сулҳи Тоҷикистон

Апрель 7, 2017 09:05

ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз аввалин намоиши китоб бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ бо китобҳои нашри солҳои гуногун дар толори хониш, воқеъ дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Намоиши китоб «Ваҳдати миллӣ кафили сулҳи Тоҷикистони азиз» унвон гирифта, ба 20-солагии имзои Созишномаи сулҳ бахшида шудааст. Бештар аз 100 китобе, ки аз ҷониби муаллифони гуногун дар солҳои мухталиф чоп шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Хонандагон имкон доранд, аз ҷумла, «Достони Ваҳдати миллат» (Хуҷанд -2009), «Бунёдкор», «Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо» (Душанбе- 2015), «Ваҳдат, Давлат, Президент» (Душанбе- 2007), «Ваҳдати миллӣ» (Душанбе- 2014), «Қаҳрамони Ваҳдат» (Душанбе-2014), «Меъмори Ваҳдат» (Шодон Ҳаниф, Султони Мирзошоҳ), «Сулҳ, Ризоят, Ваҳдат» (Хуҷанд -2007), «Пешвои сулҳофарини миллат» (Хуҷанд- 2016), «Ваҳдат ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ ва фарҳангсолории миллати тоҷик» (Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон), «Ҷонфишонӣ дар роҳи сулҳу Ваҳдат» (Душанбе- 2011), «Ваҳдат- кафолати ҳастии миллат» (Душанбе- 2012), «Ваҳдатовар», «Наҷотбахши миллат», «Баёзи Ваҳдат» ва даҳҳо китобҳои дигарро мутолиа намоянд.
Тавре адар Китобхона зикр намуданд, қарор аст намоиши китоб то ҷашнвораи бистсолагии Ваҳдати миллӣ идома ёбад.

Апрель 7, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе