Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби чор ноҳияи шаҳри Душанбе

Апрель 4, 2017 10:40

ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Нишони давлатӣ намоиши ҳунарҳои мардумиро бо ҷалби чор ноҳияи шаҳри Душанбе ташкил намуданд.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз ҳамчунин барномаи фарҳангии дастпарварони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони шаҳр пешкаш гардид. Тавре аз Кумита иттилоъ доданд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби иштирокдорон хуш пазируфта шуда, намоиши театрикунонидашуда мақбули тамошобинон гардид.
Кумита тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои шанбе дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр намоиш ва фурӯши ҳунарҳои миллиро низ ба роҳ монад.

Апрель 4, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад