Нашрияи «Нақлиёт» 20- сола шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз нашри нахустин шумораи рӯзномаи соҳавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Нақлиёт» 20 сол сипарӣ гардид. Ба ифтихори 20-солагии нашрияи «Нақлиёт» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат, инчунин масъулини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҷлиси тантанвӣ баргузор гардид.
Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли қалами нашрияи «Нақлиёт»-ро бо ин санаи фархунда самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар инъикоси воқеъбинонаи камбудию норасоиҳо дар бахши нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар қалами бурро таманно кард. Вазири нақлиёт бо дахли нақши муассири ҳайати эҷодии нашрияи «Нақлиёт» зикр кард, ки рӯзномаи соҳавии «Нақлиёт» ҳамсоли ҷашни Ваҳдати миллӣ буда, инъикосгари муҳимтарин рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба бахши нақлиёт ва коммуникатсия аст. Кормандони рӯзнома дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия ва амалӣ гардонидани яке аз се ҳадафи стратегии кишвар-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ содиқона хидмат мекунанд. Худоёр Худоёрзода, Вазири нақлиёти кишвар ва масъулини Иттифоқи журанлистони Тоҷикистон ҳайати эҷодии нашрияи «Нақлиёт»-ро бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардониданд.
Бояд тазаккур дод, ки 20 сол муқаддам, аниқтараш 25 апрели соли 1997 бори нахуст нашрияи соҳавии Вазорати нақлиёти кишвар бо номи «Роҳи умед» чоп шуд, ки муассисаш собиқ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Муҳаммад Ҳабибов буд. Соли 1999 нашрия номи «Нақлиёт»-ро гирифт. Алҳол дар нашрия ҳудуди 10 нафар рӯзноманигорон ва мутахассисони техникӣ фаъолият менамоянд.
«Рӯзномаи соҳавии «Нақлиёт» алҳол ҳафтае як маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 3 ҳазор нусха дар 16 саҳифа чоп мегардад»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Хандонгул Доробова, сармуҳаррири нашрияи «Нақлиёт».
Нашрияи «Нақлиёт» дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия саҳми шоиста гузошта, дар шумораҳои он доир ба рӯйдодҳои ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар, инчунин фаъолияти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва соҳаҳои марбут ба нақлиёти рӯизаминӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ хабару гузориш ва мақолаҳо чоп мегарданд.













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






