Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ дар Тоҷикистон

Апрель 24, 2017 12:14

ДУШАНБЕ, 24.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Зафар Файзуллозода дар интихоботи миёнадаврии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 бо гирифтани 98,5 % -и овозҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Инчунин дар интихоботи миёнадаврӣ, ки 23 апрел дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Б. Ғафуров №14 баргузор шуд, Мавлудахон Мирзозода бо гирифтани 72, 1%-и раъйи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар ин росто дар ҷаласае, ки 24 апрел таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ дар кишвар баррасӣ гардида, Зафар Файзуллозода ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 ва Мавлудахон Мирзозода ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Б. Ғафуров №14 ба қайд гирифта шуда, ваколаташон тасдиқ гардид. Ҳамзамон Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР ба Зафар Файзуллозода шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

Апрель 24, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад