«Наврӯзу навбаҳорон дар осори адибони арабу Аҷам»-конфронс дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзу навбаҳорон дар осори адибони арабу Аҷам» -таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар конфронс Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал- Муҳаннадӣ, инчунин мутахассисон ва устодони варзидаи арабшинос аз муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар иштирок намуданд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода ба меҳмонон доир ба суннатҳои ниёгонамон, аз ҷумла ҷашни Наврӯз сухан гуфт.
Сафирони Арабистони Саудӣ ва Қатар аз ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз ҷониби раёсати донишкада ба Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ, Сафири давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ тақдим гардиданд. Ба донишҷӯёне, ки тӯли ҳафта аз рӯйи 12 шарти озмун, аз қабили навиштани иншои беҳтарин, имлои беҳтарин, навиштаҷоти беҳтарин ва ғайра бо забони арабӣ ғолиб омаданд, ифтихорномаву сипоснома ва мукофоти молию пулӣ тақдим гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






