Назорати бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр мегардад
ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»- и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муҳоҷират ва бемории сил: назорати байнисарҳадии бемории сил дар Осиёи Марказӣ» ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони соҳаи тандурустӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Мақсади ҷаласа аз назорати бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷрои созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар масъалаи назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ ва муолиҷаи он байни муҳоҷирони меҳнатӣ иборат буд.
Тавре муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва корҳои табобатӣ Зоҳир Абдуллоев иброз дошт, «солҳои охир вазъи эпидемиологии бемории сил дар ҷумҳурӣ мураккаб гардидааст. Яке аз сабабҳои мураккаб гардидани вазъ ин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Ба иттилои номбурда, солҳои охир аз шумораи гирифторони бемории силе, ки дар ҷумҳурӣ ошкор мешавад, 18- 20 фоизи онро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.
Моиншо Маҳмадбеков, сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯз мушкилии асосӣ дар он аст, ки дар ҳолати ошкор шудани бемории сил муҳоҷирон ба Ватан ронда мешаванд.
«Дар ҳолати қабул гардидани созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Ҷумҳурии Қазоқистон вазифадор мешавад, ки дар асоси созишнома муҳоҷири гирифтори бемории силро ройгон табобат карда, баъдан ба Ватан баргардонад»,- гуфт Моиншо Маҳмадбеков.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 сар карда, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, Лоиҳаи HOPE бо дастгирии Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҷиҳати беҳтар намудани назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ вохӯриҳои доимӣ мегузаронанд.
Вохӯрии мазкур бо дастгирии Хазинаи глобалӣ, USAID ва Лоиҳаи HOPE — ташкилоти байналмилалии ғайридавлатӣ ва башардӯстона, ки барномаҳои тандурустӣ ва маърифатиро дар байни аҳолии саросари ҷаҳон амалӣ менамояд, баргузор гардид.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






