Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагон тавассути Маркази миллии тестӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими оғози Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар олимпиада Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ширкат варзиданд.
Нуриддин Саид зикр намуд, ки «олимпиадаҳо тавассути Маркази миллии тестӣ доир мегарданд ва мақсад аз он таъмини шаффофият ва дарёфти хонандагони донишманду болаёқат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза танҳо тарбияи насли босаводу донишманд метавонад миллату давлатро аз ҳар гуна хатар нигоҳ дорад, аз ин рӯ, хонандагони моро зарур аст, ки бештар ба хондани китоб рӯ оварда, донишҳои муосирро азбар намоянд».
Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бо барнома ва шартҳои баргузории олимпиада шинос намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ки Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 15-16 апрел дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






