Пагоҳ дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ баргузор мегардад

Апрель 13, 2017 16:39

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе тайи ду рӯз макони баргузории конфронси байналмилалии илмию амалӣ мегардад.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоқурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, созмондиҳандаи конфронси байналмилалӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо мебошад. Мавзӯи конфронс «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» буда, он 14-15 апрели соли 2017 доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс дар радифи кормандони вазорату идораҳои кишвар ва донишмандону коршиносони бахши иқтисодии пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии Тоҷикистон, ҳамзамон коршиносони соҳа аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаҳо ва ҳамоишҳо гузаронида шаванд.

Апрель 13, 2017 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд