Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Рӯзи иқтисодчиён, ки 8 апрел таҷлил мегардад, имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони дастгоҳи марказӣ ширкат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар кормандони вазорат ва иқтисодчиёнро бо иди касбӣ табрик намуд. Зикр шуд, ки рушди иқтисод яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Дар ин росто фаъолияти пурсамари иқтисодчиён ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ иртиботи қавӣ дорад.
Ба ифтихори Рӯзи иқтисодчиён зимни ҷаласаи тантанавӣ як идда кормандони дастгоҳи марказӣ ва иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки 6 сол муқаддам, аниқтараш 2 августи соли 2011 Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола 8 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи иқтисодчиёни кишвар таҷлил мегардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






