Робитаҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Малайзия таҳким меёбанд

Апрель 12, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли 2017 дар ҳошияи маросими имзои як Созишнома миёни бахши хусусии Бонки рушди исломӣ (ICD Private Sector) ва Бонки Мизуҳои Малайзия Берҳад (Mizuho Bank (Malaysia) Berhad) мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо Директори иҷроияи бахши хусусии БРИ Холид ал-Абудӣ ва Раиси Бонки Мизуҳои Малайзия Дато Сери Талаат ибни Ҳусейн баргузор гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРИ ва ниҳодҳои тобеи он табодули назар намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Холид ал-Абудӣ баён кард: «Як қисм аз маблағи 300 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби Бонки Мизуҳои Малайзия дастрас гардид, барои маблағгузории лоиҳаҳои дар бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад шуд».
Зимни мулоқот бо Раиси Бонки Мизуҳои Малайзия Дато Сери Талаат ибни Ҳусейн вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Малайзия, тавсеа ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ ва молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷониби Малайзия ҳавасмандии хешро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуда, таъкид кард, ки ният дорад бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти бонкҳо ва пайдо кардани самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ моҳи сентяри соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кунад.

Апрель 12, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст