Рушди бахши хусусӣ бо дипломати навтаъйини Кот д’ Ивуар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, туризм, рушди бахши хусусӣ ва омӯзиши таҷриба аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни мулоқоти муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Москва Бернар Тано-Бучуе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд намуданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






