Рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ
ДУШАНБЕ, 14.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар таҳти унвони «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмию амалӣ оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории конфронс хабар дод, тибқи рӯзнома ҳамоишро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, дар он Ашӯрбой Солеҳзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ва Светлана Лебедева, Ректори Донишгоҳи иқтисод, савдо ва кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Беларус сухан гуфтанд.
Дар конфронс аз ҷониби ширкаткунандагон дар мавзӯъҳои мушкилоти рушди бозори меҳнат ва роҳҳои ҳалли он дар шароити ҷаҳонишавӣ, сиёсати соҳавӣ ҳамчун механизми татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи саноат, имкониятҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ва дармонбахшӣ, роҳҳои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои иқтисодӣ маърӯзаҳо шунида мешаванд.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Беларус. Қазоқистон, Қирғизистон ва олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ширкат меварзанд.
Зимни баргузории конфронс ҷаласаҳои гурӯҳӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон боздиди иштирокчиёни конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз ҷараёни фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва корхонаи саноати кимиёвии ноҳияи Ёвон дар назар аст. Конфронс ду рӯз идома меёбад.









Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






