Рустами Эмомалӣ бо ронандагони автобусҳои нави мусофиркашонӣ дар Корхонаи «Автобус-1» мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли равон доир гардида буд, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баст, ки мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» ба шаҳри Душанбе ворид мегарданд. 11 апрели соли равон мувофиқи ин шартнома 40 адад автобусҳои мазкур аз ҷониби ронандагони тоҷик аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил гардиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими қабули автобусҳои нави мусофиркашонӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» иштирок намуда, зимни суҳбат бо ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои муайяншуда ҷалб намуд.
Ҳамчунин ба масъулини назорати ҳаракат дар роҳҳо дастур дода шуд, ки ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобусу троллейбусҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ба қоидавайронкунӣ дар хатсайрҳо ва танбашавии нақлиёт роҳ надиҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки нақлиёти нави мусофирбар, ки дар корхонаи муштараки ҷопонию туркӣ дар Туркия истеҳсол гардидаанд, дорои 26 ҷои нишаст буда, қобилияти ғунҷоишашон барои 70 нафар мусофир пешбинӣ шудааст. Дохили автобус бо камераҳои мушоҳидавӣ ва таблоҳои электронӣ, таҷҳизоти гармидеҳ ва сардкунанда муҷаҳҳаз буда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ ва бо низоми идораи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ба мусофирон шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё гардида, барои ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд, бахусус маъюбон барои ворид шудан бо аробачаҳои маъюбӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба автобусҳои рӯзи 15 апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи аввали фаъолият автобусҳои нав ба мусофирон ба таври ройгон хизмат мерасонанд. Пардохти роҳкиро дар нақлиёти нав ба мисли пештара сурат гирифта, дар муддати 1,5-2 моҳи оянда дар нақлиёти мусофирбари пойтахт низоми нави пардохти роҳикиро ба воситаи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.
«Арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu» тақрибан 90 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ҳол он ки нархи як адад автобуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Федератсияи Россия, ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллари ИМА мебошад.
Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад», — афзуд манбаъ.
Тибқи иттиллои манбаъ, айни ҳол дар ҳудуди пойтахт 250 адад автобусу троллейбусҳо ва ду ҳазор микроавтобусҳои бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳои нав ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.













Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






