Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳи равобит дар соҳаҳои барои ҳар ду тараф мувофиқ мароқ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки оғози парвозҳо дар хатсайри ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкент ва рӯзҳои наздик баргузор шудани Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе аз иқдомоти муҳим дар ин роҳ маҳсуб мегардад.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар ҷанбаҳо мубодилаи афкор намуданд.








Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






