Сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми фурӯши тифли навзод дастгир шуд

Апрель 12, 2017 15:22

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор гардидани хариду фурӯши тифли навзод, ки аз ҷониби зани 35-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ содир гардидааст, хабар медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки зани 35-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ 31 марти соли 2017 дар таваллудхонаи ноҳияи мазкур тифли ҷинсаш зан таваллуд карда, ба ӯ ном гузошта, ҳамчунин шаҳодатнома дар бораи таваллуд низ гирифтааст.
Сипас, бо маслиҳати марди 34-сола ва зани 41-солаи сокинони ноҳияи Дӯстӣ кӯдаки навзодашро ба марди 27-солаи сокини ноҳия ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
«Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.

Апрель 12, 2017 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад