Соли 2016 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ягон ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст

Апрель 21, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодиса ё ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора зимни мулоқоти ҳайати шахсии кумита бо кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар мулоқот роҳбари Раёсати таҳлили фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ, полковник Қутбиддин Сафарзода ва ҷонишини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ оид ба иртибот бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма Шодибек Лашкарбекзода ширкат доштанд.
Полковник М.Салимзода иброз дошт, ки дар қатори таҳдидҳои дигаре, чун таҳдиди терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фасод низ ба давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар фарди ҷомеа зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми татбиқи фаъолиятҳои касбӣ ва молиявию хоҷагӣ, аз ҷумла масъалаҳои роҳ надодан ба рафторҳое, ки метавонад аз ҷониби атрофиён чун ваъда ва ё пешниҳоди додани ришва ва ё ризоят ба қабули пора ва ё хоҳиши додани ришва, маҳдудиятҳои қабули туҳфаҳо, ҷазои таъйиншуда барои додани пора, миёнаравӣ ба ришвахорӣ дар шакли ҷарима, аз кор рондан ба хотири аз боварӣ хориҷ шудан, тартиби тафтиши маълумоти пешниҳодкардаи шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои зертобеъи он тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобилият бо фасод мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Полковник К. Сафарзода ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ оид ба арзёбии ҳолати коррупсия ва муайян намудани сатҳи коррупсия дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ нақл кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки бар асоси таҳлили гузаронидашуда дар соли гузашта дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ягон ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Апрель 21, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд