Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар шаҳри Москва
ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва ҷашни Наврӯз, ки ифодагари баҳор ва оғози зиндагии нав мебошад, таҷлил карда шуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд, иди Наврӯз сокинони шаҳри Москваро бо тамоми шукуфаҳо, фарҳанги рангин ва таърихи бойи халқҳои гуногуни Машриқзамин аз наздик шинос кард.
Роҳбари раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Москва Виталий Сучков зикр намуд, ки: «Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Москва сол аз сол тарафдорони бештар пайдо мекунад. Соли гузашта аз ҷашни Наврӯзи Москва тақрибан 30 ҳазор нафар дидан намуданд, вале имсол шумораи меҳмонони Наврӯзи Москва бештар гардидааст»,-гуфт ӯ. Виталий Сучков ҳамчунин табрикоти шаҳрдори Москва Сергей Собянинро манзури ҳозирин гардонид.
Дар барнома намояндагони Ҳукумати шаҳри Москва, сафирони фавқулода ва мухтори кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони як зумра доираҳои фарҳангии Россия ва намояндагони ҷамъиятҳои гуногун дар Москва иштирок доштанд.
Маҳфили наврӯзии имсола дар ду майдон баргузор гардид: яке дар фазои боз, ки ошпазҳо аз кишварҳои гуногун ба пухтани оши палав ва ҳакамон ба интихоби ошпази беҳтарин ва оши палави беҳтарини ҷашнвораи «Оини ошпазӣ» пардохтанд; дигаре дар дохили бинои фарҳангӣ, ки намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, мусобиқаҳои сершумор, инчунин гала-консертро бо иштроки ситораҳои мухталифро дар бар гирифт.
10 нафар ошпаз аз кишварҳои гуногун бо либосҳои миллии худ дар доираи ҷашнвораи «Оини ошпазӣ» дар пухтани оши палав бо ҳам қувваозмоӣ намуда, баъдан ошро манзури меҳмонон гардониданд.
Бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия боз якчанд деги оши палав барои меҳмонони ҷашни наврӯзии Москва ба таври ройгон пешкаш гардид.
Дар ҷашнвораи «Оини ошпазӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ду кишвари дигар ғолиб дониста шуд.
Тавассути намояндагони миллатҳои гуногун 35 намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки калонтарини онҳо намоишгоҳи Тоҷикистон ба шумор мерафт.
Намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорат ташкил гардида, аз тасвирҳои манзараҳои кӯҳҳои осмонбӯс ва табиати дилфиребу нодири Тоҷикистони азиз, аз маҳсулоти гуногуни косибӣ, маҳсулоти бешумори филизин, сангин ва чӯбин, аз кӯртаҳои мардона ва занона, сӯзаниҳои калону хурд, либосҳои бо зару зевар ва гулдӯзиҳои миллӣ оро ёфтаи мардонаю занона, бозичаҳои сафолӣ, китобҳои таомҳои идона, анъанавӣ ва бойи тоҷикӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буд.
Теъдоди зиёди хоҳишмандон молҳои ҳунармандон, тарроҳон ва соҳибкорони тоҷикро хариданд.


















Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






