Тоҷикон дар Теҳрон Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Эрон, аз ҷумла донишгоҳҳои Теҳрон, Машҳад, Қазвин, Қум ва Табрез ҷашн гирифта шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, дар робита ба дастовардҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият сухан кард. Ӯ зимни таъкид аз нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз сиёсату ташаббусҳо, Паёми Президенти кишвар ба Парлумон ва муҳимтарин нуктаҳои он, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ёдовар шуд ва ҳамватанонро ба иштироки фаъол ва саҳмгузорӣ дар пешрафту навсозиҳои кишвар даъват намуд.
Сипас, барномаи фарҳангии донишҷӯён, аз ҷумла, базми шеъру тарона, рақсу суруд ва навори видеоӣ дар бораи Наврӯз намоиш дода шуд. Чанд тан аз донишҷӯён ва кӯдакони хурдсол аҳли нишастро бо Наврӯз муборакбод гуфта, дар васфи Наврӯзу баҳор ва Ватан шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин тавассути навори видеоӣ шодбошҳои наврӯзии донишҷӯёни шаҳру устонҳои Мозандарон, Гелон, Исфаҳон, ки бо сабабҳои мухталиф имкони иштирок дар ҷашнро надоштанд, садо доданд. Базми шеъру тарона, рақсу суруд, инчунин ташкили озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки донишҷӯён боиси пуршукӯҳ гардидани ҳамоиши наврӯзӣ гардид.
Саҳни ҳавлии Сафорат бо сабки хосаи тоҷикона ороиш ёфта, дар он ҳафтсин ва рамзҳои баҳор, намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ, инчунин китобҳо дар бораи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва маводи ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуда буд.
Ҳамчунин дар ин рӯз барои иштирокдорон ғизои миллӣ таҳия ва пешкаш гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






