Тренинги омӯзишӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Москва

Апрель 18, 2017 17:23

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, дар доираи омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, барои ҳайати байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар барномаи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таълимию методии мониторинги молиявӣ (МБТMMM) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид, намояндагони мақомоти cалоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ширкат доштанд.
Дар ҷараёни тренинги омӯзишӣ масъалаҳои муҳим оид ба мутобиқкунонии низоми миллии МҚД/МТ бо меъёрҳои байналмилалӣ дар самти шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, баҳодиҳии ҳавфҳо дар самти шустушӯи пул, маблағгузории терроризм ва ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи миллӣ, стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ нисбат ба мақомоти назоратӣ, фаъолияти фаврӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардиданд.
Иштирокдорони барнома ҳангоми муҳокимаҳо аз таҷрибаҳои хеш дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Апрель 18, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе