Вазорати корҳои дохилӣ амалиёти «Муоинаи техникӣ» мегузаронад
ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 то 30 апрели соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Муоинаи техникӣ» — ро роҳандозӣ кардааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо амалиёти мазкурро ба роҳ мондааст.
Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш ба амал овардааст, то дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳм гузоранд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






