Вазорати молияи кишвар коғазҳои қиматноки давлатиро ба муомилот мебарорад
ДУШАНБЕ, 21.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Вакилони Парлумони Тоҷикистон 21 апрел пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527»-ро ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 530 миллион сомонӣ ба муҳлати панҷ сол бо меъёри 2%-и солона ба муомилот мебарорад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки коғазҳои қиматноки ба муомилот баровардашуда, тибқи шартнома ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» супорида шуда, минбаъд ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» векселҳоро ба Бонки миллии Тоҷикистон гузашт менамояд ва Бонки миллии Тоҷикистон векселҳоро қабул намуда, 530 миллион сомониро ба суратҳисоби алоҳидаи ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» мегузаронад. Мавсуф афзуд, ки дар ҳолати ризоят додан нисбат ба қарори мазкур Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» нақшаи чорабиниҳоро оид ба маблағгузории ин соҳа ва бозгардонидани маблағҳои ҷудошуда таҳия менамоянд
Ҳамзамон Ҷ. Нурмуҳаммадиён таъкид кард, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 бозхонд гардидани иҷозатномаҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоякунии бонкҳо» тағйироти дахлдор ворид карда мешавад. Аз ҷумла, дар сархати якуми банди яки қарор рақам ва калимаҳои 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ ба рақам ва калимаҳои 3 миллиарду 320 миллион сомонӣ иваз карда шуда, аз сархати дуюми банди якуми қарор ва дар замимаи яки қарор рақамҳои 3, 4 хориҷ карда мешаванд Инчунин замимаҳои 3 ва 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 таҳти рақами 527 аз эътибор соқит карда мешаванд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






