Ярмаркаи фурӯши ниҳол ва тухми гулу сабзавот дар бозори шаҳри Хоруғ

Апрель 10, 2017 17:02

ХОРУҒ, 10.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти шадиди баҳори имсол ва басташавии роҳҳои мошингард замони баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таъхир андохт. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдулҳасан Мамадасанов гуфт, ки дар ярмаркаи мазкур тамоми намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Институти биологии Помир бештар аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, ороишию ситрусӣ, тухми гулҳои рангоранг ва зиёда аз ним тонна тухми сабзавотро ба фурӯш гузоштанд.
Сардори бахши кишоварзии ноҳияи Ванҷ Содиқ Абдусамадов аз зуд ба фурӯш рафтани ниҳолу тухмии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «чанд сол пеш баъди ду-се рӯз маҳсулоти худро пурра мефурӯхтем, аммо имсол ҳамагӣ дар давоми ду соат тамоми маҳсулотамон ба фурӯш рафт».
Коршиносони масоили кишоварзӣ бар ин ақидаанд, ки аз нисф бештари сокинони шаҳру деҳот дар кӯҳдоманҳо зиндагӣ мекунанд ва бунёди боғҳо метавонад то андозае онҳоро аз хатари тармаву сангчарх эмин нигоҳ дорад. Аз сӯи дигар, ниҳолпарварон соҳиби маблағи иловагӣ мегарданд. Ҳамин аст яке аз сабабҳои рӯ овардани сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба боғдорӣ.
Аз сӯи дигар, ташвиқи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ оид ба аҳамияти буттаву дарахтон дар ҳифзи обу ҳаво ва аз шусташавӣ нигоҳ доштани замин ба рушди боғдорӣ мусоидат кардааст.

Апрель 10, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад