Ғарқшавии ҷавони 18- сола аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон»
ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳалок гардидани ҷавони 18-солаи сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе ҳангоми беэҳтиётӣ дар вақти оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон» хабар медиҳад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, 30 майи соли равон, тахминан соати 15:40, ҷавони 18-солаи сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон» аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт шуда, ҳамчунин фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд:
«Чун имрӯзҳо фасли гармову мавсими таътили мактабиён низ наздик аст, онҳо бештари вақти худро дар оила, назди наздикону пайвандон мегузаронанд. Аз ин лиҳоз онҳо ба ҳама гуна нигоҳубин ниёз дошта, падару модар низ ҳаракатҳояшонро бояд назорат намоянд. Аммо, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, на ҳамеша волидайн ин масъулияти ба дӯшдоштаашонро хуб иҷро мекунанд. Ҳамин бетаваҷҷуҳии падару модар аст, ки фарзандон ба ҳар гуна корҳо даст зада, аз беназоратӣ ба ҷойҳои дуру хавфнок мераванд. Дар натиҷа онҳо бо ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дучор омада, ҳаёти ширини худро аз даст медиҳанд».
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, давоми 5 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. 11 ҳолати чунин ҳодисаҳои нохуш дар вилояти Хатлон ва 17 ҳолат дар вилояти Суғд рух додаанд, ки далели беназоратии волидайн мебошанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






