«Боғи Ғалаба» -и шаҳри Душанбе барои баргузории чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба пурра омода аст
ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 72 — юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе паради ботантанаи ҳарбӣ дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар Боғи мазкур тибқи нақша корҳои ташкилию фарҳангӣ ва омодагиҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Имрӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин боғ бо ҷараёни корҳо бевосита шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.
Абдумаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни 72 — юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 тасдиқ гардида, баъди гузаштани паради ҳарбӣ дар «Боғи Ғалаба» баргузории сайругашти оммавӣ ва консерти идонаи ҷавонони пойтахт ба нақша гирифта шудааст.
Файзалӣ Қурбоналиев, директори МД «Боғи Ғалаба» зикр кард, ки дар муассиса корҳои омодагӣ бахшида ба баргузории ҷашни Рӯзи Ғалаба имрӯзу пагоҳ пурра ба анҷом мерасанд. Кормандони боғ бо масъулияти баланд корҳои таъмиру тармим ва сабзкориро ба ҷо оварда, ба ин васила саҳми худро дар ободонии пойтахт мегузоранд.
«То имрӯз дар МД «Боғи Ғалаба» 2020 бех ниҳолҳои соафякан ва ороишӣ шинонида шуда, бо мақсади гузаронидани чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар атроф ва роҳравҳои он 85 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ, ки аз 12 намуд иборатанд, шинонида шудаанд. Ҳамчунин роҳравҳои боғро зиёда аз 220 адад гулдонҳои махсус бо гулҳои рангоранг оро медиҳанд», — афзуд Ф. Қурбоналиев.
Бино ба иттилои А.Ҳакимзода, дар қисмати дуюми чорабинӣ қасамёдкунии наваскарон ва гулгузории беш аз 3000 нафар ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Ҷавонон ба хотири пос доштани хотираи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ ҳисса гузоштаанд, дар назди «Оташи абадӣ» -и «Боғи Ғалаба» ҳамчун рамзи эҳтиром ба иштирокдорони он гул гузошта, садоқати худро ба диловарони Ватан изҳор менамоянд.
«Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе барои расонидани кумакпулии якдафъаина 719 900 (ҳафтсаду нуздаҳ ҳазору нуҳсад) сомонӣ ба иштирокдорон ва ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалокгардида, ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ ва ба шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ ҷудо гардид»,- афзуд А.Ҳакимзода.
Бино ба маълумоти Раҳматулло Кудратов, раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар шаҳри Душанбе 55 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 зиндагӣ мекунанд, ки 1 нафари онҳо зан мебошад.
Рухсораи НУР

































Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






