Бонки миллии Тоҷикистон вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъорро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъорро дар панҷ моҳи соли 2017 шарҳ дод. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, дар бозори дохилии асъор хариду фурӯши доллари ИМА, рубли русӣ ва ба ҳаҷми ночиз — евро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар се қисмати он (байнибонкӣ, дохилибонкӣ ва нақдӣ) дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.
Дар ҳамин давра дар ин бозор ба маблағи умумии мутаносиб ба 2 млрд. 015 млн. 100 ҳазор доллари ИМА асъори хориҷӣ харидорӣ гашта, маблағи умумии мутаносиб ба 2 млрд. 258 млн. 600 ҳазор доллари ИМА асъори хориҷӣ фурӯхта шудааст.
Аз маблағи умумии харид 37,2 фоиз ба доллари ИМА, 61,3 фоиз ба рубли русӣ ва 1,5 фоиз ба евро рост омада, аз ҳаҷми умумии фурӯш 56,7 фоиз ба доллари ИМА, 38,2 фоиз ба рубли русӣ ва 5,1 фоиз ба евро рост меояд.
Дар баробари ин, БМТ зикр менамояд, ки аз ҳаҷми умумии асъори хориҷии харидоришуда танҳо 4,4 фоиз ва аз фурӯхташуда танҳо 8,7 фоизаш асъори хориҷии нақд буда, 95,6 фоизи харид ва 91,3 фоизи фурӯши асъори хориҷӣ дар шакли ғайринақдӣ сурат гирифтааст.
Тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар ин давра ба дурнамои он мувофиқ буда, бо раванди коҳишёбии нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол беруни қурби нақдӣ мувофиқат мекунад.
Чунончи, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,9 фоиз (дар соли 2016 — 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд 12,4 фоиз (дар соли 2016 — 5,4 фоиз) баланд шудааст.
Фарқияти аз 2 фоиз зиёд набудаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муҳимтарин нишондиҳандаи вазъи он буда, мавҷуд будани реҷаи қурби ягонаи пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷиро тасдиқ менамояд. Риояи меъёри мазкур нишондиҳандаи ҳатмии назоратии иҷрои талаботи барномаҳои маблағгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ маҳсуб мешавад.
«Мутаассифона, дар ҳамин давраи соли 2017 зери таъсири омилҳои номусоиди берунӣ ва дохилӣ фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 4,5 фоиз (дар санаи 23.05.с.2017) баланд шуд,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти бонк. — Ҳолати мазкур ба аз нав ҷоннок гаштани фаъолияти бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, афзоиши ҳолатҳои ҳаннотӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ мусоидат намудааст».
Бонки миллӣ дар айни замон зарур мешуморад, ки минбаъд ба сифати қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА қимати миёнавазни қурбҳои миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ қабул карда шуда, он бо назардошти риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоиза ҳамгунсозӣ (унификатсия) карда шавад.








Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид






