Дар Душанбе ҷаласаи Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад

Май 22, 2017 16:12

ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.     24 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи   навбатии  Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар ҳайати Шўро роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон,  Арманистон,  Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи  Россия  ва  Ўзбекистон  шомил  мебошанд. Ин сохтор  тибқи  Созишномаи Шўрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи таъсиси Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-аъзои ИДМ», ки 5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, созмон ёфтааст.

Дар доираи ҷаласаи мазкур 23 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҳамчунин Конференсияи байналмилалӣ  оид ба муқовимат  бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ  барпо хоҳад шуд.

Дар кори конфронс ҳайатҳои кишварҳои сохтори Шўрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, мақомоти оинномавӣ ва ҳамкории соҳавии Иттиҳод, ташкилотҳои байналхалқӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок мекунанд.

 

Май 22, 2017 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад