Дар Душанбе фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ гузаронида мешавад

Май 18, 2017 17:02

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии  «Тоҷикдипсервис»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияту истироҳати намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи корхонаҳои ҳамшабеҳи давлатҳои пешқадам як зумра барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва оммавиро тарҳрезӣ намудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КВД хизматрасонии корпуси дипломатии  «Тоҷикдипсервис»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин радиф бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 майи соли 2017 дар «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ, ки аз тарафи сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе барои намоиш пешниҳод мегарданд, ба роҳ монда мешавад.

Дар назар аст, ки дар фестивал таомҳои миллии  тоҷикӣ аз ҷониби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва Турсунзода намоиш дода шаванд.

Мақсади  фестивал — шиносоӣ бо ҳамдигар, ривоҷи дӯстию ҳамкорӣ ва муаррифии санъату анъанаҳои миллии кишварҳои хориҷию мардуми Тоҷикистон ва таблиғи инсонпарварию эҳсонкорӣ мебошад.

 

 

Май 18, 2017 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе