Дар сабқати интихобӣ рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дастаҳои Уммон, Сурия, Туркманистон ва Молдиванд

Май 31, 2017 16:40

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 29 май дар шаҳри Сочии Россия шурӯъ шуд, дар нахустин бозиаш аз дастаи  Арманистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро  Шарифбек Раҳматов ба ҳадаф расонд. Ду голи мунтахаби Арманистонро Нарек Григорян ва Арам Колозян ба нишон расонданд.

Дар бозии дигар дастаи  мунтахаби наврасони Қазоқистон бо ҳисоби 3:1 бар дастаи Краснодар пирӯз шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодари Россия  дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи то 2 июн идома мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 аст, ки аз 16 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд зикр кард, ки  дар сабқати интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

 

 

Май 31, 2017 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад