Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «ISWEEEP-2017»-и ИМА 4 медал оварданд!
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хюстони ИМА аз 3 то 8 май Олимпиадаи байналмилаии лоиҳавии «ISWEEEP-2017» аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Олимпиада довталабон аз 65 давлат 529 лоиҳа пешниҳод намуданд. Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонандагони тоҷик бо пешниҳоди 2 лоиҳа муаррифӣ карданд. Дар ҷамъбаст Маҳина Насруллоева, хонандаи синфи 11 Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе, Фарзона Саидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе, Искандар Давлатов, хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Қўрғонтеппа ва Сироҷиддин Валиев, хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Қўрғонтеппа 4 ҷойи ифтихорӣ (4 медали нуқра)-ро ба даст оварданд.
Дар маҷмўъ, аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 77 медал (8 медали тилло, 33 медали нуқра, 36 медали биринҷӣ)- ро соҳиб гаштаанд.








Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ






