Имрӯз, 17 майи соли 2017, рӯзи чоршанбе, рӯзи 137 –уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 228 рӯзи дигар аст.
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
—17 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
17 майи соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Наватзода Малик Амад Хон масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ намуданд.
***
17 майи соли 2010 дар вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
***
17 майи соли 2010 вуруди ҳайатҳои иҷлосияи 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ба пойтахти Тоҷикистон шурӯъ шуд. Иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон аз 18 то 20 май баргузор гардид.
***
17 майи соли 2010 дар шаҳри Юрмалаи Латвия маҷлиси 52 –юми Шӯрои роҳбарони муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои аъзои ИДМ ба охир расид. Аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур сардори Корхонаи воҳиди давлатии муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов ва муовини аввали ӯ Владимир Собкалов ширкат варзиданд.
***
17 майи соли 2010 зимни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета оид ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду кишвар гуфтугўйи судманд сурат гирифта буд.
***
17 майи соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра сурат гирифт.
***
17 майи соли 2015 ҷорӣ роҳбари кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти олмонӣ профессор Райнер Линднер барои иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
***
17 майи соли 2016 Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санк-Петербурги Русия рафта буд.
***
17 май Рӯзи конститутсияи Норвегия аст. Ин иди миллии норвегҳо мебошад, ки дар ин рӯзи соли 1814 дар як ҷаласаи миллӣ дар Эйдсволл конститутсияашонро қабул намуданд ва истиқлолияти кишварашонро эълон карданд.