Имрӯз, 29 майи соли 2017, рӯзи душанбе , рӯзи 149–уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 216 рӯзи дигар мондааст

Май 29, 2017 08:24

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

25 сол муқаддам, 29 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

***

94 сол қабл аз ин, 29 майи соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

***

 Дар ин рӯзи соли 2002 дар Алмаато конфронси вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ оғоз гардида буд, ки дар он масъалаи таъсис додани Маркази ягонаи байнидавлатии аккредитатсиякунонии мактабҳои олӣ баррасӣ гардид.

***

29 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардида буд.

***

29 майи соли 2012 дар  ҷаласаи  9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон дар самтҳои ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ шартнома ба имзо расида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

***

29 май дар Ҷумҳурии Доминикан ҳамчун Рӯзи модар таҷлил карда мешавад.

***

Ҳамасола 29 май Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия  Рӯзи автомобилронони ҳарбиро таҷлил менамоянд, ки 24 феврали соли 2000-ум бо фармони Вазири мудофиаи ин кишвар тасдиқ гардидааст. Барои он ин рӯзро таҷлил менамоянд, ки дар ин рӯзи соли 1910 дар Санкт-Петербург аввалин ротаи омӯзишии автомобилӣ ташкил карда шудааст.

***

29 май  дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ таҷлил карда мешавад, ки бо қарори Ҳукумати Қирғизистон аз 19 майи соли 1994  бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи ин кишвар роҳандозӣ гардидааст.

***

Аз соли 2002 инҷониб 29 май дар тамоми ҷаҳон бо қарори Созмони Милали Мутаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

 

 

Май 29, 2017 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, якшанбе, 250-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст