Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

Май 23, 2017 19:59

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо кулли ҷавонони саодатманди кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи иди ҷавонон оид ба талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгириҳои амиқи неруи созанда ва ояндаи миллат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад. Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Роҳбарияти Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд. Ин иқдом нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

Таъкид гардид, ки маҳз бо иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат аҳли ҷомеаро вазифадор намуданд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон тарбия кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд. Наврасону ҷавонон бо ифтихори он ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ доранд ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастанд, бояд дар руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҷавононро бо идашон муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ҷавонон минбаъд низ чун татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик бо масъулияти бузург содиқонаву сарбаландона кору зиндагӣ менамоянд.

Ҷамъоамади тантанивиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон барномаи рангини ҳунарӣ шукуҳи тозае бахшид. Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарогири дастовардҳои ҷавонон ва инъикоскунандаи пешравиҳои ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд, ки хеле хотирмону дилнишин буд.
Иштирок дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон 23.05.2017

Май 23, 2017 19:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд