Лигаи олии футболи Тоҷикистон: «Истиқлол» бар дастаи «Хуҷанд» ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозии охирини даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин бозӣ дастаи «Истиқлол» тавонист бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Хуҷанд» ғолиб ояд.
Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи «Хуҷанд» Ромиш Ҷалилов, Дмитрий Барков ва Соҳибҷон Ҳакимов ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки 20-21 май се бозии даври ёздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ барпо гардиданд. Дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати кишвар бинобар бозиҳои ҳаштякфиналии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии дастаи мунтахаби кишвар бо дастаи мунтахаби Филиппин дар доираи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






