Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳрвандонро ба озмуни кушод даъват менамояд

Май 23, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 22 майи соли равон «Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи  нақшаҳои ангоравии иморатсозии хиёбони Борбад, кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Соҳилии шаҳри Душанбе»  ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд, тибқи  қарори мазкур  озмуни кушод  байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи  нақшаҳои ангоравии иморатсозӣ бо инобати гулгашту фаввораҳо, роҳравҳо ва рангу ороиши биноҳои бисёрошёнаи мавҷудаи кӯчаҳои Н.Қарабоев аз буриши хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ аз буриши хиёбони С.Шерозӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони С.Шерозӣ (роҳи лоиҳавии пайвастшавии хиёбони А.Сино бо хиёбони Борбад) то буриши кӯчаи Ханжин П.С.-и  шаҳри Душанбе аз 22 майи соли 2017 то 10 июли  соли 2017  бо ҷамъбасти он на дертар аз 15 июли соли 2017 эълон ва шартҳои  он тасдиқ гардид.

Довталабон  метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун аз 10 майи соли 2017 то 10 июли соли 2017 ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 48, (почтаи электронӣ: DushanbeSRMhS@mail.ru) пешниҳод  намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки барои иштирокчиён ва ғолибони озмун мукофот  муқаррар шудааст.

Ғолибони озмун минбаъд таҳиягари нақшаҳои иморатсозии мавзеъҳои мазкур мегарданд.

Мукофот барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо пули сомонӣ ва  барои ғолиби хориҷӣ мутаносибан бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо  доллари ИМА пардохт карда мешавад.

 

 

Май 23, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд