Машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Австралия

Май 23, 2017 09:08

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои дуҷонибаи сиёсии Тоҷикистону Австралия баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни машваратҳо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомидин Зоҳидӣ  ва Ёвари Вазири корҳои хориҷӣ  ва савдои  Австралия Ҷеймс Ҳол  самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла  ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва маориф, масоили ҳамкории минтақавӣ ва башардӯстона, вазъият дар Афғонистон ва мубориза бо терроризм,  ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.

Дар ҳошияи машваратҳои мазкур ҷонибҳо дар масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд табодули назар анҷом доданд.

 

 

Май 23, 2017 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид