Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қатар дар Давҳа

Май 15, 2017 09:48

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари корӣ ба Давлати Қатар 13 май мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатарро дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба роҳҳо ва механизмҳои татбиқи тавофуқоте, ки миёни роҳбарияти олии ду кишвар дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қатар дар соли ҷорӣ ҳосил шуда буд, табодули назар карданд. Инчунин дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

14 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии Давҳа  ширкат  намуд.

 

Май 15, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд