Муносибатҳои Тоҷикистону Чин пайваста тақвият меёбанд

Май 16, 2017 09:47

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 15 майи соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи Умумичинии Шўрои халқии сиёсӣ ва машваратии ин кишвар Пан Юнхэ мулоқот намуд.
Дар мулоқот тарафҳо ҳамдигарро ба муносибати 25- солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табрик намуда, вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба, самтҳои афзалиятноки иқтисодии ҳарду кишвар ва дурнамои ҳамкории минбаъда табодули афкор намуданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки имрўз муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи ҳамкории стратегӣ қарор дорад.
Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ намудааст ва интизор меравад, ки ин ташаббус ба рушди иқтисодии кишварҳои Шоҳроҳи абрешим таъсири мусбат расонад.
Дар робита ба вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда, муовини Сарвазир таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли меваҷоти гуногуни аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва афзун намудани ҳаҷми содироти он ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба манфиати мутақобилаи тарафҳо хоҳад буд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани ин иқдом муовини Сарвазири мамлакат пешниҳод намуд, ки ҷониби Чин масъалаи ба имзо расонидани Протоколи фитосанитариро ҳарчи тезтар бояд мавриди баррасӣ қарор диҳад, то содироткунандагони маҳсулоти тоза ва хушки кишоварзии Тоҷикистон имкони воқеӣ пайдо кунанд, ки маҳсулоти худро дар бозорҳои Чин пешкаши мардуми ин кишвари дўст гардонанд.
Ҳамчунин тарафҳо дар хусуси лоиҳаҳое, ки айни ҳол дар баррасии ҷониби Чин қарор доранд, аз ҷумла хати лӯлаи гази Чин-Осиёи Марказӣ, сохтмони хати интиқоли барқ (ХИБ) 500 кВ, Неругоҳи барқи ҳароратии (НБҲ) Фон-Яғноб 600 мВт изҳори ақида намуданд ва таъкид гардид, ки татбиқи саривақтии ин лоиҳаҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти калон доранд.

Май 16, 2017 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст