Мусобиқа оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон»

Май 1, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар» /. 29 апрел дар шаҳри Бишкек мусобиқа оид ба футбол байни шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон» баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар доданд,  мусобиқаи мазкур ба Соли ҷавонон ва 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода зикр намуд, ки ин мусобиқа ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки бо ҳамдигар беҳтар шинос шаванд ва дӯстии байни ҷавонон мустаҳкам карда шавад.  Ин мусобиқа   дар мустаҳкам кардани дӯстӣ байни халқҳо ва кишварҳо нақши муҳим мебозад. Сафир ба иштирокчиёни мусобиқа муваффақиятҳои варзишӣ таманно кард.

Мақсади асосии мусобиқа ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Қирғизистон таҳсил менамоянд, ҷалби бештари иштирокчиён ба мусобиқаҳои варзишӣ, ташвиқи футбол ҳамчун яке аз воситаҳои таълими варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти бозингарон ва мустаҳкам кардани алоқаҳои дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон буд.

14 даста аз ҳисоби донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, иштирокчиёни мусобиқа шуданд. Дар охир ба дастаҳои ғолиб дар маросими тантанавӣ ҷом, медалҳо, пардохтҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои фахрӣ супорида шуданд.

Май 1, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод