Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ«Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Саидҷамол Алимардонов дар Ҷоми ҷаҳон оид ба «казах куреси», ки 25-28 май дар деҳаи Оқсуати ноҳияи Тарбагатайи вилояти Қазоқистони шарқӣ баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Ӯ дар вазни то 90 кило баъди пирӯзӣ бар Давид Саркисян аз Арманистон дар даврҳои баъдӣ Денис Эммерти россиягӣ ва Семён Ракитаи украиниро мағлуб кард. Вале Саидҷамол Алимардонов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Беҳзод Аҳмадбекови қазоқистонӣ шикаст хӯрда, мақоми дуюмро касб намуд.
Ин мусобиқа бо иштироки варзишгарони 22 кишвар, аз ҷумла 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ- Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва Эстония, инчунин Дания, Муғулистон, Олмон, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Чех ва Ҳиндустон баргузор шуд.
Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се варзишгар- Асадулло Тоиров (-70 кило), Саидҷамол Алимардонов (-90 кило) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+90 кило) дохил буданд.
Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои гӯштии миллии қазоқҳо дар се вазн (-70, -90 ва +90 кило) бо ҳузури беш аз ҳафт ҳазор тамошобин барпо гардид.








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






